Феврал 03, 2024 18:01 Asia/Dushanbe
  • Раиси ҷумҳури Эрон: Таҳримҳоро шикасти додем+видео
    Раиси ҷумҳури Эрон: Таҳримҳоро шикасти додем+видео

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: Партоби муваффақи 11 моҳвораи эронӣ таҳримҳои Амрико ва ғарб зидди Ҷумҳурии Исломии Эронро бо шикаст ру ба ру кардааст.

Ба гузориши хабаргузорӣ Эрон Пресс, Сайид Иброҳими Раисӣ раиси Ҷумҳурии Исломии Эрони субҳи имруз шанбе дар маросими ойини рузи фанноварии фазойии Эрон бо таъкид бар ин ки ҳузур дар фазои қудратофарин, умедофарин ва серватофаринаст гуфт: Талош карданд бо таҳрим Эронро мутаваққиф кунанд ва дар инзиво қарор диҳанд аммо партоби муваффақи 11 моҳвораи ҳам таҳримҳо ва ҳам тарҳи инзивои Ҷумҳурии Исломии Эронро шикаст дод.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо баёни инки бо вуҷуди ҳамаи таҳдидҳо ва таҳримҳо яке аз ҷилваҳои табдил кардани таҳдид ва таҳрим ба фурсат ҳамин кор партоби моҳвора аст гуфт: Ин ҳаракати арзишманд бо ҳамкории ҷавонон ва мутахассисон, донишгоҳён ва неруҳои мусаллаҳи Эрон анҷом шуда ва ифтихорофарида шуда аст.

Раисӣ афзуд Ҷумҳурии Исломии Эрон дар рутбаи 10 кишвари матраҳи ҷаҳони дар ҳавзаи ҳаво ва фазо қарор дорад.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар идома бо гиромидошти аёмуллоҳи даҳаи мубораки фаҷр хотирнишон кард миллате ки ирода кард дар 22 баҳман 11 феврали 1979 ба истиқлол ва озодӣ ва Ҷумҳурии Исломӣ ва пешрафт барои кишвар даст ёбад акнун мехоҳад бар иродаҳои дигар фоиқ ояд.

Барчасп