Феврал 05, 2024 09:56 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Эрон ва Арабистон бар густариши равобити дуҷониба
    Таъкиди Эрон ва Арабистон бар густариши равобити дуҷониба

Раиси Шӯрои роҳбурдии равобити хориҷии Эрон ва сафири Арабистон дар Теҳрон бар густариши равобити дуҷониба таъкид карданд .

Эрон ва  Арабистон пас аз ду соли музокира ва гуфтгў бо мизбонии Ироқ ва  Уммон , даҳуми марти 2023 ва пас аз мулоқот ва гуфтугӯи чанд рӯзаи масъӯлони ниҳодҳои амнияти миллии ду кишвар дар Пекан , бо интишори баёнияе аз тавофуқи Теҳрон ва  Риёз барои одисозии равобити худ хабар доданд .

Ду кишвар аз соли 2016 равобити дипломотикашонро қатъ карда буданд .

Ба гузориши Ирно, дар дидори рӯзи якшанбе « Камоли Харрозӣ » раиси Шӯрои роҳбурдии равобити хориҷии Эрон ва « Абдуллоҳ бен Сауд ал- Анзӣ » , сафири Арабистон дар Теҳрон бо ишора ба аз саргирии равобити ду кишвар , бар азми мақомоти оли рутбаи Эрон ва  Арабистон бар густариши ин равобит бар асоси зарфиятҳои қобили тавваҷуҳ дар ин бора таъкид карданд .

 

«Камоли Харрозӣ » ва « Абдуллоҳ бен Сауд ал- Анзӣ » дар ин дидор бар чораандешии ҷамъии кишварҳои исломӣ барои таъмини ниёзҳои мардуми Борикаи Ғазза низ таъкид карданд .

Барчасп