Суннати “ барфӣ кардан “ дар Хуросони бузург
Бо боридани аввалин барфи сол эрониҳо, тоҷикистониҳо ва афғонистониҳо расме ба номи “ барфӣ кардан “ ба ҷо меоваранд
Бо боридан аввалин барфи сол эрониҳо , тоҷикистониҳо ва афғонистониҳо расмӣ ба ном “ барфӣ кардан “ ба ҷо меоваранд . Онҳо бо додани хабари барф аз ҳам талаби подош ва меҳмонӣ мекунанд .
Барф меборад мусалсал аз ҳаво
Барфаш аз мо барфиаш аз шумо
Суннату ойини қадимии барфӣ кардан дар Эрон аз дер боз ҳамзамон бо бориши нахустин барф ёдовари бишорат обсолӣ будааст .
Ба гузориши Ирно. коршиноси бостон шиносӣ ва мардуми шиносии Созмони мероси фарҳангӣ, саноеъи дастӣ ва гардишгарии устони Марказӣ муътақид аст : Дар пас аз анҷоми ин расми қадимӣ , ҷаҳонбинӣ ва фалсафаи хосе дар байни мардумони замони қадим наҳуфтааст .
'Қосими Фазлӣ" ин суннатро нишонаи баракат баён карду афзӯд : Анҷоми ин ойини қадимӣ бишорат ва миждагонӣ додан ба мардуме аст, ки иқтисоди онон ба шиддат ба бориши вобаста буд ва аз роҳи кишоварзӣ , домпарварӣ ва боғдорӣ касби маош мекарданд .
Вай бо баёни инки , тавваҷуҳ ба дигаргунӣ дар фаслҳо аз дербоз дар тақвиму ҷашнҳои эрониёни бостонӣ мавриди тавваҷуҳ буд изҳор дошт : Вобастагии зиндагии гузаштагони мо ба об он қадр арзишманд буда ки бо бориши нахустин барфи пойизи миқдоре азонро дар зарфи арзишманд қарор дода ва барои ақвом ҳадя мебурданд.
Вай гуфт : Бо бурузи падидаи хушксолӣ дар солҳои ахир ба хусӯс дар Эрон , баҳо додан ба ойину суннатҳои қадимӣ ва бозгу кардани он барои насли ҷавон, метавонад баёни умқи ҷаҳонбинии гузаштагон бошад, ки умӯру фаъолиятҳои онон аз рӯй дироят будааст .
Ин коршинос муътақид аст ; Анҷоми суннати барфӣ кардан танҳо саргармӣ барои падарону аҷдоди мо набуда , балки решаи торихӣ дар бастари он наҳуфта ва метавон онро навъе эҳтиром ба об қаламдод кард .
Бештар бихонед: