Вуруди пайкарҳои 98 шаҳиди дифои муқаддас ба Эрон
Январ 04, 2017 15:44 Asia/Dushanbe
Пайкарҳои 98 шаҳиди даврони ҷанги таҳмилии Ироқ алайҳи Эрон рӯзи чаҳоршанбе аз тариқи марзи байналмилалии Шаламча вориди Эрон шуданд.
Ба иттилои Исно, пайкарҳои ин шаҳидон дар манотиқе аз Ироқ кашф шудааст .
Ин шаҳидон дар панҷ амалиёти ҷангӣ ба дараҷаи рафии шаҳодат расида буданд .
Пайкарҳои ин шуҳадо пас аз истиқбол дар марзи байналмилалии Шаламча ба Аҳвоз (ғарби Эрон) мунтақил хоҳад шуд .
Бо гузашти беш аз 28 сол аз солҳои дифои муқаддас (ҷанги таҳмилии режими баъси Ироқ алайҳи Эрон) амалиёти ҷустуҷу ва кашфи пайкарҳои шуҳадои эронӣ дар манотиқи ҷангӣ ҳамчунон идома дорад ва ҳар аз гоҳе пайкарҳои тозае аз фарзандони шаҳиди миллати Эрон дар манотиқи ҷангӣ кашф ва ташйиъ мешавад .
Барчасп