Феврал 05, 2024 20:24 Asia/Dushanbe
  • Мизбонии Табриз аз 12 кишвари хориҷӣ дар мусобиқоти ҷаҳонии куштии паҳливонӣ
    Мизбонии Табриз аз 12 кишвари хориҷӣ дар мусобиқоти ҷаҳонии куштии паҳливонӣ

Мудири кули варзиш ва ҷавонони устон Озарбойҷони шарқии Эрон аз баргузарии мусобиқоти ҷаҳонии киштии паҳливонӣ бо ҳузури 12 тими хориҷӣ ба мизбонии Табриз маркази ин устон хабар дод.

Ба гузориши ИРНА, Ҳабиби Сутуданажод мудири кули варзиш ва ҷавонони устони Озарбойҷони шарқӣ бо ташреҳи раванди баргузарии ин руйдоди ҷаҳонӣ дар Табриз афзуд ин мусобиқоти рузҳоиҳои 8 ва 9 феврал ва ба муносибати гиромӣдошти айёмуллоҳи даҳаи фаҷр бо ҳузури 14 тими дохилӣ ва хориҷӣ баргузор мешавад.

Мудири кули варзиш ва ҷавонони Озарбойҷони шарқӣ хотирнишон кард 95 варзишкор ва кадри фаннӣ аз кишварҳои Гурҷистон, Узбекистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Рӯсия, Туркия, Молдова, Ҳиндӯстон, Руминия, Афғонистон, Тоҷикистон, Покистон ва тимҳои миллии Ҷумҳурии Исломии Эрони алиф ва б дар ин мусобиқот ҳузур ёфта ва бо ҳам ба рақобат хоҳанд пардохт.

Сутуданажод дар идома таъкид кард ин рақобатҳо дар 6 вазн баргузор мешавад ва дар поёни мусобиқот бозубанди паҳливони тавассути вазири варзиш ва ҷавонони Ҷумҳурии Исломии Эрон ба бозуии қаҳрамони ин мусобиқот баста хоҳад шуд.

Ин рақобатҳо ба сурати зинда аз шабакаи се ва шабакаи варзиши Эрон пахш хоҳад шуд.

Барчасп