Марокизи дармонии Эрон мизбони завҷайни ноборвар аз саросари ҷаҳон
(last modified Wed, 07 Feb 2024 16:17:43 GMT )
Феврал 07, 2024 21:17 Asia/Dushanbe
  • Марокизи дармонии Эрон мизбони завҷайни ноборвар аз саросари ҷаҳон

Ҷумҳурии исломии Эрон дар заминаи фанновариҳои навини тавлиди мислу хадамоти дармони ноборварӣ ҳамтарози кишварҳои пешрафтаи дунё қарор дорад.

Алии Содиқитабор, мудири Маркази фавқуттахассуси дармони ноборварӣ ва сиқти мукаррари Ҷиҳоди донишгоҳии Эрон бо ишора ба раванди шаклгирии фанновариҳои навини тавлиди мисле дар Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт: Пас аз пирӯзии инқилоби исломӣ ва ташкили Ҷиҳоди донишгоҳӣ ва бо шаклгирии пажӯҳишгоҳҳои Рӯён ва Ибни Сино, Ҷиҳоди донишгоҳӣ бо дарки зарурату аҳамияти тавсеаи равишҳои дармони ноборварӣ, дар ин замина ба барномарезӣ ва ҳадафгузории баландмуддат пардохт, ки натиҷаи он ҷойгоҳи мумтози Эрон дар ин ҳавза дар минтақа ва ҷаҳон аст.

Содиқитабор дар бораи тавонмандиҳои ин марказ бо ишора ба ин ки маҷмӯаи Ибни Сино аз ибтидо бо ҳадафи ироаи хадамоти ҷомеъу комили ташхису дармони ноборварӣ шакл гирифт то битавонад ҳамаи хадамоти фавқуттахассусӣ дар ин заминаро ба ҳамаи муроҷеон, бо ҳар этиоложӣ ироа кунад, афзуд: Ҳамаи завҷайни ноборвар бо ҳар иллати ноборварӣ метавонанд аз хадамоти пешрафтаи ин марказ истифода кунанду маркази дармони ноборварии Ибни Сино пас аз ду даҳа фаъолияти муваффақ, имрӯз қодир ба ироаи комилтарин хадамоти ташхисиву дармонӣ ба завҷҳои ноборвар аст.

Мудири Маркази фавқи тахассусии дармони ноборварӣ ва сиқти мукаррари Ҷиҳоди донишгоҳӣ афзуд, имрӯзҳо Ҷумҳурии исломии Эрон дар ҳавзаи фанновариҳои тавлиди мисливу дармони ноборварӣ ҳамтарози кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон аст ва на танҳо завҷҳои эронӣ ниёз ба муроҷиа ба кишварҳои пешрафта барои баҳрамандӣ аз ин хадамот надоранд, балки марокизи Эрон ҳарсола мизбони завҷҳои ноборвар аз саросари ҷаҳон барои истифода аз хадамоти пешрафтаи ноборварӣ дар Эрон ҳастанд.