Ҳимояти Эрон аз тамомияти арзӣ ва ҳокимияти Арманистон
Сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Ереван аз тамомияти арзӣ ва ҳокимияти Арманистон ҳимоят кард.
Маҳдии Субҳонӣ, сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Арманистон рӯзи сешанбе дар нишасти хабарӣ бо асҳоби расона дар ин кишвар эълом кард, Эрон аз тамомияти арзиву ҳокимияти Арманистон ҳимоят мекунад ва монанди гузашта омода аст то аз ҳамаи имконоти худ барои тавсеаи ҳамкориҳо истифода кунад.
Субҳонӣ дар хусуси равобити Эрон ва Арманистон гуфт: Эрон сиёсати мутаодилеро бо кишварҳои минтақа ва кишварҳои ҳамсоя дорад.
Сафири Эрон дар Арманистон афзуд, ҳаҷми тиҷорату равобити иқтисодӣ байни ду кишвар дар ҳоли рушди мудовиму густариши ҳамкориҳо, ба вижа дар заминаҳои иқтисодӣ ва зерсохтӣ асту тарафайн ҳамвора дар канори ҳам истодаанд.
Субҳонӣ дар идома бо ишора ба каридори мавсум ба “Зангизӯр” дар ҷануби Арманистон, ки аз сӯи ҷумҳурии Озарбойҷону Туркия пешниҳод шудааст, гуфт: Эрон бо иқдомоти худ ба вузуҳ нишон дода, ки ҳеч гуна тағйири шеополитикӣ дар ин минтақаро таҳаммул нахоҳад кард.
Сафири Эрон дар Арманистон гуфт, барои Эрон, Арманистон беҳтарин масир барои дастрасӣ ба шимол ва дарёи Сиёҳ аст ва барои Арманистон ҳам Эрон беҳтарин масир барои дастрасӣ ба ҷануб ва бандари Чобаҳор аст.
Субҳонӣ дар хусуси сиёсати Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт, имрӯз Эрон мустақилтарин сиёсати дохиливу хориҷиро дунбол мекунад ва бидуни Теҳрон ҳатто як муодила дар минтақа ҳал намешавад, зеро Эрон бахше аз роҳҳалли буҳронҳову мушкилоти минтақа аст.
Сафири Эрон дар Арманистон гуфт, бо вуҷуди таҳримҳо, фишорҳо ва тавтеаҳои 45 сола зидди Теҳрон, Ҷумҳурии исломии Эрон пешрафти чашмгирӣ дар заминаҳои мухталиф доштааст.