Муовини вазири хориҷаи Русия: Эрон саҳми қобили таваҷҷуҳе дар пешрафти ҷаҳон дорад
(last modified Sat, 10 Feb 2024 05:53:23 GMT )
Феврал 10, 2024 10:53 Asia/Dushanbe
  • Муовини вазири хориҷаи Русия: Эрон саҳми қобили таваҷҷуҳе дар пешрафти ҷаҳон дорад

Муовини вазири умури хориҷаи Русия бо ишора ба инки мардуми Эрон аз таърихи чандҳазорсола ва ғанӣ бархурдор ҳастанд, гуфт: Ҷумҳурии Исломии Эрон саҳми қобили таваҷҷуҳе дар пешрафти тамаддуни ҷаҳон дорад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сергей Рябков панҷшанбешаб дар дидор бо Козими Ҷалолӣ, сафири Эрон дар Маскав дар ҳошияи ҷашни солгарди пирӯзии Инқилоби исломӣ, ки ба даъвати сафорати Эрон дар Маскав баргузор шуд, бо ишора ба раванд рӯ ба тавсеаи муносиботи ду кишвар, гуфт: Ин кишвар барои таомул бо Эрон дар ҳавзаи моддӣ аз ҷумла зерсохт, тавлидоти санъатӣ, тиҷорат, гардишгарӣ, бонкӣ ва низ ҳамкории байни ду миллат арзиши зиёде қоил аст.

 Муовини вазири умури хориҷаи Русия бо ишора ба талоши муштараки Русия ва Эрон барои эҷоди ҷаҳони чандқутбӣ гуфт, дар ҷаҳони оянда давлатҳои мустақил қодир ба дифоъ аз манофеъи худ дар баробари зӯргӯии бархе кишварҳо ҳастанд ва ба якдигар кумак мекунанд; Эрон ва Русия барои таҳаққуқи ин ҳадаф талоши муштаракеро думбол мекунанд.

 Муовини вазири умури хориҷаи Русия дар идома бо ишора ба узвияти Эрон дар гурӯҳи иқтисодии БРИКС гуфт: Бо пайвастани Эрон ба БРИКС фурсатҳо барои ҳамкории Маскав ва Теҳрон ба таври қобили таваҷҷуҳе густариш ёфтааст.