Феврал 10, 2024 18:54 Asia/Dushanbe
  • Оташбозии бонувони футзали Эрон дар Тоҷикистон

Тими миллии футзали бонувони Эрон дар идомаи рақобатҳои Осиёи Марказӣ (CAFA-2024) бо натиҷаи 9 бар сифр Туркманистонро шикаст дод.

Ба гузориши ИРНА, тими футзали бонувони Эрон рӯзи ҷумъа дар рӯзи чаҳоруми мусобиқоти CAFA дар шаҳри Душанбе ба масофи Туркманистон рафт.

Бонувони Эрон дар ин мусобиқа намоиши фавқуулоддае дошта ва ҳарифро 9 бар сифр шикаст доданд то ба раванди хуби худ идома диҳанд.

Тими футзали бонувони Эрон, рӯзи якшанбе дар охирин бозии худ ба масофи Тоҷикистон мизбони мусобиқот хоҳад рафт. Эрон дар ду дидори гузаштаи худ низ баробари Қирғизистону Узбекистон ба пирӯзиҳои қотеъ расида буд.

 

Барчасп