Шаҳодати 2 неруии басиҷ дар ҷануби шарқи Эрон
(last modified Mon, 12 Feb 2024 05:14:09 GMT )
Феврал 12, 2024 10:14 Asia/Dushanbe
  • Шаҳодати 2 неруии басиҷ дар ҷануби шарқи Эрон
    Шаҳодати 2 неруии басиҷ дар ҷануби шарқи Эрон

Равобити умумии қароргоҳи Қудси неруи заминии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар иттилоъияе эълом кард, ки ду нафар аз басиҷёни Систону Балучистон дар иқдоми кӯр ва ноҷавонмардонаи ашрори мусаллаҳ ба шаҳодат расиданд .

Ба гузориши Ирно , равобити умумии қароргоҳи Қудси неруи заминии Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон эълом кард , дар иқдоми кӯр ва  ноҷавонмардонаи тирандозии ашрори мусаллаҳ ба як пости нигаҳбонӣ дар масири роҳи оҳани Зоҳидӣ - Бам , ду нафар аз басиҷён ба шаҳодати расиданд .

 

Тибқи ин гузориш рӯзи гузашта ( шанбе ) низ Сарҳанги посдор «Сайид Муртазо Ҳусайнӣ»  аз коркунони типи Ҷавод-ал-АъимаиХуросони шимолӣ , айни анҷоми маъмурияти омӯзишӣ дар минтақаи марзии Саровон , ба шаҳодат расид .

Сарҳанги посдори шаҳид « Сайид Муртазо Ҳусайнӣ »

 

Сарҳанги посдори шаҳид « Сайид Муртазо Ҳусайнӣ »Саровон аз тавобеъи Систону Балучистон дар 347 километрии ҷануби шарқи Зоҳиди маркази ин устон ва дар ҳамсоягии кишвари Покистон воқеъ шудааст .