Тафсир. 22 баҳман ҳузури ҳамосии эрониён ва таъкид бар гуфтумони муқовимат
(last modified Mon, 12 Feb 2024 11:44:24 GMT )
Феврал 12, 2024 16:44 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури ҳамосии мардуми Эрон дар роҳпаймоии 22 баҳман
    Ҳузури ҳамосии мардуми Эрон дар роҳпаймоии 22 баҳман

Рӯзи якшанбе, 22 баҳмани 1402, баробар бо 11 феврали 2024, чиҳилупанҷумин солгарди пирӯзии инқилоби исломии Эрон буд. Мардуми Эрон имсол низ монанди солҳои гузашта дар манотиқи мухталифи Эрон дар роҳпаймоии явмуллоҳи 22 баҳман ҳузуре ҳамосӣ ва пуршӯр доштанд.

Ҳузури густардаву якпорчаи мардуми Эрон дар роҳпаймоиҳои 22 баҳман, дар 45 соли гузашта, ба намоди истиқомат, ваҳдат ва ҷашни пирӯзии миллати Эрон бар низоми султа табдил шудааст.

Ҳузури ҳамосии мардуми Эрон дар роҳпаймоии 22 баҳман

 

Ширкаткунандагон дар роҳпаймоии имсоли явмуллоҳи 22 баҳман бо тавваҷуҳ ба шароити ҳассоси кишвару минтақа, ба далели даври ҷадиди лашкаркашии режими саҳюнистӣ ба арозии фаластинӣ ва ҳомиёни он дар минтақа, дар қатъномае зимни таҷдиди паймон бо ормонҳои инқилоби исломии Эрон, имом Хумайнӣ (раҳ) ва Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ эълом карданд, ки инқилоби исломӣ бо иқтидори зотии худ, рӯҳи тозае дар колбуди уммати исломӣ дамида ва бо густариши “гуфтумони муқовимат ва зулмситезӣ”, фасли навинеро фарорӯи ҷомеаи башарӣ қарор додааст.

Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ҳам дар ҳамин иртибот дар ҷамъи роҳпаймоён, бо ишора ба ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ дар Ғазза ва ҳимоятҳои Амрико аз ин режим, бар таваққуфи фаврии ҳамалоти режими саҳюнистӣ таъкид ва тасреҳ кард, ки бо вуҷуди фишори бевақфаи Ғарб, Эрон ҳамчунон аз Фаластину ормонҳои инқилоби исломӣ ҳимоят мекунад.

 

Раиси ҷумҳурии Эрон бо ишора ба ин ки пешрафтҳои Эрони исломӣ дар партави худбоварӣ, мардумбоварӣ ва худобоварӣ анҷом шудааст, афзуд, ба баракати инқилоби исломӣ ва талоши ҷавонон, Эрони имрӯз дар бисёре аз ҳавзаҳо, азҷумла пизишкӣ ва нанофанноварӣ аз саромадони ҷаҳон аст.

Пайрави изҳороти раиси ҷумҳурӣ, миллати Эрон, дастовардҳову тавонмандиҳои ғурурофарину нуфузи маънавиву таъйинкунандаи минтақаии худро сармояи роҳбурдӣ ва намоди қудрати боздорандагии кишвар медонад. Ҳамчунон ки дар чиҳилу панҷ соли гузашта аз озмунҳои бузургу сахте ҳамчун ҷангу муҳосираи иқтисодӣ сарбаланду пирӯз берун омадааст.

Ҳузури огоҳонаву ҳамешагии мардуми Эрон дар саҳнаҳои мухталифи инқилоби исломӣ, аз ҷумла роҳпаймоии имсоли 22 баҳман, ҳамчунин ин паёмро ба ҷаҳониён, ба вижа Амрико ирсол карда, ки инқилоби исломӣ аз як сармояи иҷтимоии итминонбахш бархӯрдор аст, ки дар сояи он инқилоби исломӣ бо вуҷуди ҳамаи тавтеаҳо, чиҳилу панҷумин солгарди пирӯзии худро ҷашн мегирад.

Ҳамин ҳамроҳии мардум ва инқилоби исломӣ, ки бори дигар имрӯз дар 22 баҳман мутабалвир (зоҳир) шуд ва ҳудқди 20 рӯзи дигар ҳам дар интихоботи Маҷлиси Шӯрои Исломӣ ва Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ такрор хоҳад шуд, нишон аз ин дорад, ки мардуми Эрон бо вуҷуди ҳамаи тавтеаҳо, уфуқҳои равшане пеши рӯи худ хоҳанд дошт.