Феврал 13, 2024 12:48 Asia/Dushanbe
  • Эрон ҷузви 10 кишвари бартари ҷаҳон дар ҳавзаи дарёнавардӣ

Мудири омили Созмони бандарҳо ва дарёнавардии Ҷумҳурии Исломии Эрон бо баёни инкӣ, солиёна 140 ҳазор киштӣ дар бандарҳои Эрон тараддуд доранд, гуфт: Новгони дарёии Эрон байни 10 кишвари бартар дар ин ҳавза қарор дорад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Алиакбари Сафоӣ рӯзи душанбе изҳор дошт: Ҳузури новгони байналмилалӣ бо беш аз 80 ҳазор киштӣ дар сатҳи дунё ва транзити беш аз 11 ҳазор тон коло, омили аслии якпорча шудани иқтисод аст.

 Сафоӣ бо ишора ба инки дар 10 моҳи нахусти соли ҷории шамсӣ нисбат ба ҳамин муддат дар соли гузашта тиҷорати дарёбурди Эрон то ҳашт дарсад рушд дошта ва ба рушди 9 дарсадии ҳамлу нақли контейнерӣ даст ёфтааст, ёдовар шуд: Имрӯз биндарҳои Эрон омодаи пазириши киштиҳо бо зарфияти 18 ҳазор teu ҳастанд.

 Вай ҳамчунин хабар дод: Солиёна 140 ҳазор киштӣ дар бандарҳои Эрон тараддуд доранд.

 

Барчасп