Табрики солрӯзи вилодати ҳазрати Абулфазли Аббос (а)
Чаҳоршанбе, чаҳоруми шаъбони соли 1445 ҳиҷрии қамарӣ баробар бо 14 феврали 2024, солрӯзи вилодати ҳазрати Абулфазл Аббос (а) аст.
Чаҳоруми шаъбони соли 26 ҳиҷрии қамарӣ, ҳазрати Аббос (а) мулаққаб ба Абулфазл, Қамари бани Ҳошим, аламдори Карбало ва Саққо, аз фарзандони ҳазрати имом Алӣ (а) дар шаҳри Мадина чашм ба ҷаҳон гушӯд.
Ҳазрати Абулфазл (а), ҳамосасози қиёми Ошӯро аст, ки бо исор, ҷонбозӣ ва шаҳодат тавонист ишқу иродат ба имоми замони худро ба манасаи зуҳӯр бирасонаду улгӯе шоиста аз вафодорӣ барои раҳравони роҳи ҳақиқат лақаб гирад.
Солрӯзи вилодати ҳазрати Абулфазли Аббос (а) дар тақвими Ҷумҳурии Исломии Эрон, рӯзи ҷонбоз номгузорӣ шудааст.
Радиои тоҷикии Садои Хуросон фарорасидани солрӯзи вилодати ҳазрати Абулфазли Аббос (а), парчамдори ишқу исорро ба ҳамаи мусулмонону дигар озодихоҳони ҷаҳон табрик мегӯяд.