Рӯзи дувуми Ҷашнвораи Фаҷр-39 - кӯки созҳои Ҳинду Тоҷикистон ба вақти Теҳрон
(last modified Wed, 14 Feb 2024 16:07:04 GMT )
Феврал 14, 2024 21:07 Asia/Dushanbe
  • 39-умин Ҷашнвораи байналмилалии мусиқии Фаҷр
    39-умин Ҷашнвораи байналмилалии мусиқии Фаҷр

Дуюмин рӯзи сивунуҳумин Ҷашнвораи байналмилалии мусиқии Фаҷр мизбони консертҳои Роҳяш Биҳарти аз Ҳиндустон ва Аброр Зуфаров аз Тоҷикистон буд.

Дуюмин рӯзи сивунуҳумин Ҷашнвораи байналмилалии мусиқии Фаҷр сешанбе - 24 баҳманмоҳ бо иҷрои гуруҳҳои мусиқии мухталифе ҳамчун «Нӯша» - вижаи бонувон, ҳунармандоне аз Ҳиндустон, Узбакистон, Хуросони Шимолӣ баргузор шуд.

Гуруҳи мусиқии «Нӯша» ба сарпарастии раҳбарии Нюшо Баримонӣ, вижаи бонувон рӯзи сешанбе дар толори «Ваҳдат» ба рӯи саҳна рафт.

Толори «Ваҳдат»-и Теҳрон дирӯз аср дар бахши мусиқии милал, мизбони Роҳяш Баҳарти аз Ҳиндустон ва Ҳуҷҷати Ашрафзода, хонандаи мусиқии поп буд.

Ҳамчунин дар бахши байналмилал Сардор Солиев аз Узбакистон ва Аброр Зуфаров аз Тоҷикистон дар толори «Рӯдакӣ» ба рӯи саҳна рафтанд.