Феврал 15, 2024 18:36 Asia/Dushanbe
  • Футболи Эрон дар ҷамъи 20 қудрати бартари дунё ҷой гирифт

Дар навтарин дараҷабандии бартарин тимҳои миллии футболи ҷаҳон, тими миллии футболи Эрон дар ҷамъи 20 тими бартари ин ришта қарор гирифт.

Ба гузориши ИРНА, бар асоси нахустин радабандии тимҳои бартари ҷаҳон дар соли 2024 Федератсияи ҷаҳонии футбол (ФИФА) эълом кард, ки тими миллии футболи Эрон бо 1608.23 имтиёз дар ҷойгоҳи бистуми ҷаҳон ва дувуми Осиё қарор дорад.

 Ҳарчанд, ки тими миллии футболи Эрон нисбат ба охирин радабандии соли 2023-и футболи ҷаҳон як зина пешравӣ дошт, аммо бурди ин тим баробари Ҷопондар Ҷом миллатҳои Осиё натавонист ҷойгоҳи нахусти худро аз онҳо пас бигирад.

 Бо эъломи ФИФА тими миллии футболи Аргентина, қаҳрамони Ҷоми ҷаҳонии 2022 бо 1855.2 имтиёз дар ҷойгоҳи нахуст ва тими миллии Фаронса бо 1845.44 имтиёз дар ҷойгоҳи дувум қарор дорад.

 

Барчасп