Феврал 16, 2024 20:03 Asia/Dushanbe
  • \
    \"Санъати дифоии Эрон бо талоши донишмандони дохилӣ, аз пештозони тавлиди паҳпод дар ҷаҳон аст\"

Раиси Анҷумани вобастагони низомии муқими Эрон гуфт, Ҷумҳурии исломии Эрон аз пештозони тавлиди паҳпод дар ҷаҳон аст.

Ислава Миркотон, вобастаи низомии Полша (Лаҳистон) ва раиси Анҷумани вобастагони низомии муқими Эрон рӯзи панҷшанбе дар дидор бо сартип Ҳамиди Воҳидӣ, фармондеҳи Неруи ҳавоии артиши Ҷумҳурии исломии Эрон бо ишора ба ин ки санъати дифоии Эрон бо талоши донишмандони дохилӣ ва саноеи худ, аз пештозони тавлиди паҳпод дар ҷаҳон аст, гуфт: Таҷҳизоти Неруи ҳавоии артиши Ҷумҳурии исломии Эрон ба суботу амнияти минтақа кумак мекунад.

Вай таъкид кард, Ҷумҳурии исломии Эрон ба унвони кишваре бо таҷрибаи бузург, на танҳо метавонад ба таври мусолиматомез ба бозгардондани субот дар Ғарби Осиё кумак кунад, балки метавонад бар фарояндҳои сулҳ дар соири нуқоти ҷаҳон таъсир бигузорад.

Амир сартипи халабон Ҳамиди Воҳидӣ, фармондеҳи Неруи ҳавоии артиши Ҷумҳурии исломии Эрон ҳам бо ишора ба ин ки Эрон паёмовари сулҳу дӯстӣ барои ҳамаи мардуму давлатҳост, гуфт: Эрон омодаи ба иштирокгузории таҷрибиёти худ бо кишварҳои дигар дар муқобила бо терроризм аст.

Сартипи халабон Воҳидӣ ҳамчунин ба муҷаҳҳаз шудани ҷавонону санъатгарони дифоии Эрон ба илми рӯзи дунё ишора карду гуфт: Акнун таъмир, нигаҳдорӣ ва ба рӯзрасонии ҳамаи навъи ҳавопаймо тавассути ҷавонони мутахассиси эронӣ анҷом мешавад.

Фармондеҳи Неруи ҳавоии артиши Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамчунин ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар баробари мардуми мазлуму бедифои Фаластин дар борикаи Ғаззаро маҳкум кард.

 

Барчасп