Мухолифати Эрон ва Қирғизистон бо дахолати кишварҳои ғарбӣ дар минтақа
Дабирони Шӯрои олии амнияти миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Қирғизистон бо дахолати кишварҳои ғарбӣ дар умури дохилии кишварҳои минтақа ва талош барои таҳмили аҳдоф ва хостаҳои худ мухолифат карданд.
Ба гузориши рӯзи ҷумъаи ИРНА,Алиакбари Аҳмадиён ва Марат Имонқулов дар Бишкек дидор ва нисбат ба иқдомоти бархе кишварҳои ғарбӣ дар таъмини молии теъдоде аз гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон ва талоши онҳо барои афзоиши фаъолият ин гурӯҳҳо дар Осиёи марказӣ ва минтақа ибрози нигаронӣ карданд.
Афзоиши ҳамкориҳо дар бахшҳои мухталифи сиёсӣ, амниятӣ ва низомӣ ба вежа дар мубориза бо терроризм ва гурӯҳи террористии ДИИШ аз дигар меҳварҳои дидори Аҳмадиён ва Имонқулов буд, ки мавриди таъкиди тарафҳо қарор гирифт.
Алиакбари Аҳмадиён, намояндаи Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ва дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон ба даъвати ҳамтои қирғизистонӣ, барои ширкат дар шашумин нишасти дабирон ва мушовирони амнияти миллии кишварҳои минтақа дар бораи Афғонистон рӯзи панҷшанбе дар садри ҳайате озими Бишкек шуд.
Шашумин нишасти амнияти Афғонистон рӯзи ҷумъа бо ҳузури дабирони шӯроҳои амнияти миллии Эрон ва кишварҳои минтақа дар Бишкек баргузор шуд.
Дар ин нишаст олитарин мақомҳои амнияти миллии кишварҳои минтақа шомили Ҷумҳурии Исломии Эрон, Русия, Чин, Ҳинд, Покистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Узбакистон ва Туркманистон ҳузур пайдо карданд.
Аҳмадиён дар ин нишаст дидгоҳҳои Эрон дар хусуси мавзӯъоти сиёсӣ ва амниятии минтақаро баён кард.
Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ҳамтои русии худ низ дидору гуфтгӯ карда буд.
Ҷумҳурии Исломии Эрон бунёнгузори ин нишаст аст, ки то кунун ду ҷаласаи он дар Теҳрон баргузор шудааст.