Ҷоми ҷаҳонии гимнастика; Роҳёбии намояндаи Эрон ба финали париши харак
Феврал 17, 2024 10:39 Asia/Dushanbe
Миллипӯши гимнастикаи Эрон бо қарор гирифтан дар ҷойгоҳи чаҳоруми Ҷоми ҷаҳонии гимнастика ба финали париши харак расид.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, дар дувумин рӯз аз рақобатҳои Ҷоми ҷаҳонии гимнастикаи ҳунарӣ, ки яке аз марҳилаҳои касби саҳмияи олимпии Париж маҳсуб мешавад, Маҳди Улфатӣ, миллипӯши Эрон бо касби имтиёзи 14.400 ва унвони чаҳорумӣ тавонист ба финали ин рақобатҳо роҳ ёбад.
Дар париши харак 48 варзишкор ба рақобат бо якдигар пардохтанд.
Финал фардо баргузор мешавад.
Барчасп