Умедвори барои тавлиди муштараки синамои ҷаззоби Эрон ва Тоҷикистон
(last modified Sun, 18 Feb 2024 08:05:34 GMT )
Феврал 18, 2024 13:05 Asia/Dushanbe
  • Умедвори барои тавлиди муштараки синамои ҷаззоби Эрон ва Тоҷикистон
    Умедвори барои тавлиди муштараки синамои ҷаззоби Эрон ва Тоҷикистон

Дар дидори мудиромили бунёди синамоӣ Фороби бо раиси синамои Тоҷикистон бар тавлиди маҳсули муштараки синамои Эрон ва Тоҷикистон таъкид шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон мудурон ва синамогарони кишвари Тоҷикистон ки барои ҳузур дар чиҳилудувумин ҷашнвораи байналмилалии филми Фаҷр ба Эрон сафар карда буданд бо Маҷиди Зиналобдин мудиромили бунёди синамои Фороби дар маҳали сохтимони марказии бунёд дидор ва гуфтугу карданд.

Дар ибтидои ин дидори кутоҳ ва самимона мудиромили бунёди синамои Фороби баъд аз ташреҳи фаъолиятҳои Фороби дар арсаи ҳунари ҳафтум ибрози умедвори кард то сафари синамогарони форсизабони аҳли Тоҷикистон мунҷар ба тавлиди осори муштарак шавад.

Зиналобдин дар идома бо ишора ба ҳузури пурранги Фороби дар чиҳилудувумин ҷашнвораи байналмилалии филм фаҷр гуфт: Бояд тавлиди маҳсули муштаракиро калид бизанем ки дар айни ишоъаи фарҳанги муштараки ду кишвари Эрон ва Тоҷикистон ҷаззоб ва мухотабписанд ҳам бошад.

Синамогарони аҳли Тоҷикистон низ зимни ишора ба ҳузури филми аз ин кишвар дар ҷашнвораи филми фаҷр бо ном "Даврон" барои пардохт синамоӣ ба машоҳири чун Фирдавсӣ ва Хайём иброз умедвори карданд.

Муҳамадсаиди Шоҳён раиси умури синамои Тоҷикистон ва мудири Тоҷикфилм, Усмон, таҳиякунанда Тоҷикфилм, Заур Дахте, филмбрдори пешкисвати синамои Тоҷикистон филмбрдори филми Рустаму Суҳроб, Акмал Абдуллоҳзода дабири ҷашнвораи филми Душанбе ва Муҳиддин Музафар коргардони синамо аз кишвари Тоҷикистон ба ҳамроҳи Ҳабиб Элибегии муовини назорат ва арзишёбии созмони синемоӣ ва Роид Фаридзода муовини умури байналмилалии Фороби аз ҷумлаи ҳозирони ин нишаст буданд.