Феврал 18, 2024 17:35 Asia/Dushanbe
  • Тафсир :Эъломи омодагии Эрон барои тазмини амнияти роҳбурдии Қафқоз + назари коршинос
    Тафсир :Эъломи омодагии Эрон барои тазмини амнияти роҳбурдии Қафқоз + назари коршинос

Дар шароите. ки минтақаи Қафқози ҷанӯби дастхуши ошӯбҳои ношӣ аз дахолатҳои хориҷӣ аст , Эрон омодагии худро барои тазмини амнияти роҳбурдии ин минтақаи ҳассос эълом кард.

« Сайид Иброҳими Раисӣ » раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон зимни эъломи ҳимоят ва  истиқбол аз музокироти сулҳи миёни Ҷумҳурии Озарбойҷон ва  Арманистон , бар ирода ва  омодагии Теҳрон ҷиҳати тазмини амнияти роҳбурдии минтақаи Қафқоз ва албатта бо дар назар гирифтани хутути қирмизи Эрон таъкид кардааст .

Раисӣ дар ростои дидор бо « Меҳр Григорийон » муовини нахусти вазири Арманистон ва  раиси камиссиюни муштараки ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар ва  ҳайати ҳамроҳ дар ин хусӯс эълом кардааст .

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт : Теҳрон мувофиқи ҳузури бегонагон дар минтақаи Қафқоз ба баҳонаи ҳали мушкилот нест ва муътақидаст ҳузури бегонагон на танҳо мушкилиро ҳал нахоҳад кард , балки табдил ба мушкили бузургтаре барои миллатҳо ва  давлатҳои минтақа хоҳад шуд .

Раисӣ зимни ишора ба вазъияти Қафқози ҷанубӣ таъкид кард, ки Эрони ҳифзи субот  ва амнияти минтақаро бисёр ҳоизи аҳамият медонад .

Изҳороти раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон  дар шароите матраҳ шудааст, ки таҳдидҳои тарафи озарӣ дар минтақаи Қафқоз ҳар рӯз ба баҳонае ташддид мешавад .

Хонум « Назели  Бағдасариён » сухангӯи нахуствазири Арманистон , дар вокуниш ба изҳороти расмии давлати Илҳом Алиев , гуфт : Ҷумҳурии Озарбойҷон ҳамчунон ба истратежии таъмиқи душмани дар минтақа идома медиҳад. ки таҳдиди мустамари бесуботӣ аст . Ин мақоми давлати Ирвон ҳамчунин дар посух ба теъдодӣ аз эъломияҳои расмии давлати Боку мабнӣ бар вобастагии Арманистон ба бегонагонро рад ва таъкид кард, ки қавонини Арманистон марбӯт ба умӯри дохилии кишвари мост ва ҳеҷ кишваре ҳаққи дахолат дар умӯри дохилии Арманистонро надорад .

Дар ҳақиқат , таҳдидҳои ахири давлати Илҳоми Алиоеки ба пуштвонаи бархе аз давлатҳои бегона ҳар рӯз абъоди густардатаре ба худ мегирад , ҳамаги ҳокӣ аз он аст, ки мақомҳои Боку на танҳо дар паи имзои тавофуқномаи ниҳои сулҳи Қарабоғ нестанд , балки талоши музоъафӣ ба кор гирифтаанд то бо мушорикат дар моҷароҷӯиҳои бегонагон , минтақаи Қафқозро ба ошӯб бикашоннд . Бадеҳӣ аст, ки ин шароити нобаҳанҷор метавонад ташаннуҷ ва  даргириҳои низомиро дар минтақаи Қафқоз густариш диҳад ва аз ин раҳгузар , сирфан миллатҳо ва  давлатҳои мустақили минтақа яъне Русия ва Эрон мутазаррир хоҳанд шуд .

Дар ин шароит , раиси Ҷумҳурии Исломии Эрони омодагии Теҳронро барои мамониат аз ҷангу даргирӣ дар минтақаи Қафқози ҷанубӣ иброз дошта  ва таъкид кардааст ҳамчунон иҷоза нахоҳад дод , жиополетики минтақаи дучор тағйир шавад.

Ба назар мерасад давлати Илҳом Алиев ба рағми дӯстӣ бо Эрон ва  талош барои ҷалби ҳимоятҳои Теҳрон , ба манзури иҷрои тарҳҳои бархе аз давлатҳои хориҷ аз минтақа , талош мекунад ҷанги сеюми Қарабоғро ба баҳонаҳои воҳӣ дар дастури кор қарор диҳад.

Ҳадафи давлатҳои бегона , маҳдудсозии марзӣ Эрон ва Арманистон аст .  Дар сӯрате,  ки бегонагон дар ин замина муваффақ шаванд , Арманистон  истиқлоли худро аз даст хоҳад дод ва ба тадриҷ нобӯд хоҳад шуд .

Эрон низ як масири муҳиму стротежик ба Русия ва  аврупоро аз даст хоҳад дод.  Ҳадаф аз иҷрои ин истеъмор , таҳти фишор қарор додан ҳар чӣ бештари Эрон дар минтақааст .

Дар маҷмӯъ , тардиде нест, ки додани тазминҳои амниятии Эрон ба кишварҳои минтақаи Қафқоз метавонад яке аз роҳҳои муҳими барқарории сулҳ дар ин минтақа қаламдод шавад .

Алалхусус ки Эрон зимни дӯстии мутақобил бо тарафайни мутахосим , ҳамвора бар истиқлол ва тамомияти арзии Ҷумҳуриҳои ҳавзаи Қафқози ҷанубӣ таъкид доштааст .

Барчасп