Феврал 19, 2024 13:12 Asia/Dushanbe
  • \
    \"Душманон ҳамвора нишон доданд, мухолифи интихобот дар Эрон ҳастанд...\"

11 рӯзи дигар то баргузории дувоздаҳумин давраи интихоботи Маҷлиси Шӯрои исломӣ ва шашумин давраи интихоботи Маҷлиси хибрагон боқӣ мондааст. Хати фикриву расонаии аслӣ ва пуртакрори душман дар қиболи ин интихобот, таҳриму мушорикат накардан аст.

Дувоздаҳумин давраи интихоботи Маҷлиси Шӯрои исломӣ барои интихоби 290 намоянда барои як давраи чаҳорсола ва шашумин давраи интихоботи Маҷлиси хибрагони раҳбарӣ барои интихоби 88 узви ин маҷлис, барои як давраи ҳаштсола, рӯзи ҷумъаи якуми март (11 исфандмоҳи 1402) дар саросари Эрон баргузор мешавад.

Таҳрим - пуртакрортарин вожаи душман дар қиболи интихоботи якуми марти 2024 дар Эрон аст. Сайид Муҳаммадтақии Шоҳчароғӣ, муовини сиёсии вазири кишвар ва раиси Ситоди интихоботи Эрон дар ин хусус гуфт: “Душманони миллати Эрон адами мушорикату таҳрими интихоботро дар дастури кор қарор додаанд. Барои таҳаққуқи ин ҳадаф низ тактикаҳое назири сиёҳнамоӣ ва ноумед кардани миллати Эрон аз оянда ва ҳамчунин бетаъсир хондани интихоботу нокоромад хондани Маҷлиси Шӯрои исломӣ мавриди истифода қарор мегирад. Барои ин рӯйкарди душманон далоили зиёде вуҷуд дорад. Яке аз муҳимтарин далоил, зери суол бурдани ҷумҳурияти низоми ҷумҳурии исломӣ аст. Ҷумҳурии исломии Эрон дар минтақаи Ғарби Осиё, ки асосан интихобот маъное надорад, мардумсолории диниро ироа кард. Интихобот барои Ҷумҳурии исломии Эрон ба ҳадде дорои аҳамият аст, ки дар 45 соли гузашта 39 бор мардум пойи садуқҳои раъй рафтаанд. Дар ҳоле ки дар ағлаби кишварҳои минтақаи Ғарби Осиё ё интихобот баргузор намешавад ва ё ба сурати ҳидоятшуда ва ғайрирақобатӣ аст, душманон ҳамвора нишон доданд, мухолифи интихобот дар Эрон ҳастанд, зеро ки моделе аз низоми сиёсӣ дар кишварҳои исломӣ бо меҳварияти мардуму Ислом ва яке аз пояҳои қудрати он аст».

Ҳазрати оятуллоҳ Хоминеӣ субҳи дирӯз - якшанбе дар дидори ҳазорон нафар аз мардуми устони Озарбойҷони Шарқӣ дар солрӯзи қиёми таърихии мардуми Табрез дар 29 баҳмани соли 1356 ҷабҳаи истикборро бешак мухолифи интихоботи Эрон донистанду гуфтанд: «Интихобот мазҳари ҷумҳурияти низом аст ва ба ҳамин иллат аст, ки мустакбирону Амрико, ки ҳам бо ҷумҳурият ва ҳам бо исломияти низом мухолифанд, бо интихоботу ҳузури пуршӯри мардум пойи сандуқҳои раъй мухолиф ҳастанд».

 Омили дигари мухолифати душманон бо интихоботи Эрон ва таъкид бар мушорикат накардану таҳрими интихобот тавассути мардум, коркарди сиёсиву амниятии интихобот аст.

Мушорикати қавиву пуршӯр дар интихобот, ки ба ҳамроҳи саломат, амният ва рақобат, яке аз зилъҳои чаҳоргонаи роҳбурди интихоботии Раҳбари муаззами инқилоб аст, сабаби ваҳдат, амният ва иқтидори кишвар хоҳад шуд.

 

Барчасп