Зебоии гардишгарии зимистонӣ дар савоҳили бандари Чобаҳори Эрон+видео
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i112042-Зебоии_гардишгарии_зимистонӣ_дар_савоҳили_бандари_Чобаҳори_Эрон_видео
Савоҳили зебои бандари Чобаҳор дар устони Систон ва Балӯчистон (воқеъ дар ҷануби шарқи Эрон), мақсади гардишгарон дар фасли зимистон аст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Феврал 21, 2024 12:14 Asia/Dushanbe
  • Зебоии гардишгарии зимистонӣ дар савоҳили бандари Чобаҳори Эрон+видео

Савоҳили зебои бандари Чобаҳор дар устони Систон ва Балӯчистон (воқеъ дар ҷануби шарқи Эрон), мақсади гардишгарон дар фасли зимистон аст.

Ба гузориши хабаргузории Эронпресс, гардишгарон дар рӯзҳои сарди зимистон бо сафар ба бандари Чобаҳор дар устони Систону Балӯчистон, аз тамошои зебоиҳои савоҳили ҷануби шарқи Эрон лиззат мебаранд ва бо фарҳангу суннатҳои бумии эронӣ ошно мешаванд.

Илова бар ин, обфишонҳо дар савоҳили бандари Чобаҳор ва мазрааи таксир ва парвариши крокодил дигар ҷозибаҳои гардишгарии ин минтақаи зебои Эрон аст.

Устони Систон ва Балӯчистон саршор аз ҷозибаҳои дидании таърихӣ ва табиӣ аст.