Феврал 21, 2024 18:05 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкориҳои қазоии Эрону Белгия
    Ҳамкориҳои қазоии Эрону Белгия

Муовини ҳуқуқи башар ва умури байналмилали вазири додгустарии Эрон дар дидори сафири Белгия аз тавсеаи муносиботи ҳуқуқӣ - қазоии Теҳрону Брюссел хабар дод.

Аскари Ҷалолиён, муовини ҳуқуқи башар ва умури байналмилали вазири додгустарии Эрон дар дидори Мишел Молҳирб, сафири Белгия дар Теҳрон зимни таъкид бар тавсеаи муносиботи ҳуқуқии қазоии Теҳрон ва Брюссел гуфт: То кунун як мувофиқатномаи интиқоли маҳкумон байни Эрону Белгия имзо шудаву дар садади имзои се мувофиқатномаи истирдоди муҷримон, мусоидати қазоӣ дар умури кайфарӣ ва мусоидати қазоӣ дар умури маданӣ миёни ду кишвар ҳастем.

Муовини ҳуқуқи бауфтшару умури байналмилали вазири додгустарии Эрон гуфт: Нигоҳ ба ин мувофиқатномаҳо нигоҳи ҳуқуқи башарӣ аст ва зарурӣ аст бо ҳамафзоӣ ва ҳамкории бештар, тавваҷуҳи вижае ба тавсеаву дифоъ аз ҳуқуқи дохилии ду миллат дошта бошем.

Ҷалолиён Белгияро аз кишварҳои муҳими Иттиҳоди Аврупо ва таъсиргузор дар тасмимоти ин иттиҳодия баршумурд ва бо асилу қудратманд хондани ду миллати Эрону Белгия, сатҳи феълии равобити ду миллатро нокофӣ донисту афзуд: Лозим аст гомҳои муассире дар ростои тавсеаву иртиқои сатҳи равобиту муносиботи дуҷониба бардошта шавад.

Мишел Молҳирб, сафири Белгия дар Теҳрон низ дар ин дидор бо ишора ба раёсати Белгия бар Шӯрои Иттиҳоди Аврупо гуфт: Вазифаи ҳамоҳангии сафоратхонаҳои 22 кишвари Иттиҳоди Аврупо дар Эрон бар ӯҳдаи Белгия аст ва ҳадаф осонсозиву суръатдиҳӣ ба густариши равобит байни ду кишвар дар чорчӯби қонун ва бар асоси эҳтироми мутақобил аст, ки дар ин замина тамоми талоши худро барои густариши равобити ҳуқуқиву қазоӣ байни Эрону Белгия анҷом хоҳем дод.

 

Барчасп