Феврал 24, 2024 10:42 Asia/Dushanbe
  • Сохти сомонаи шабеҳсози манораи идоракунии парвоз дар Эрон

Мутахассисони як ширкати донишбунён эронӣ муваффақ шуданд сомонаи шабеҳсоз(симулятор)и манораи идоракунии парвозро тарроҳӣ ва бумисозӣ кунанд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо,бо ин сомона, ки тавассути мутахассисони дохилии як ширкати донишбунёни эронӣ сохта шудааст, илова бар кӯтоҳ шудани замони омӯзиш ба контролкунандаҳои идоракунии парвоз, метавон амалиётҳои гуногуни парвозиро ба сурати маҷозӣ пиёдасозӣ кард.

 Бар асоси ин гузориш ва бинобар эъломи идораи кулли фурудгоҳҳои Систон ва Балучистон дар ҷанубу шарқи Эрон, бо сохти ин сомона заминаи омӯзиши тахассусии беш аз 200 нафар дар моҳ барои коркунони воҳидҳои идоракунии парвоз фароҳам шудааст.

 

Барчасп