Нахустин пирӯзии баскетболи Эрон дар интихобии Ҷоми Осиё 2025
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i112106-Нахустин_пирӯзии_баскетболи_Эрон_дар_интихобии_Ҷоми_Осиё_2025
Тими миллии баскетболи Эрон дар нахустин бозии худ аз интихобии Ҷоми Осиё 2025 дар муқобили тими Қатар ба пирӯзӣ расид.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Феврал 24, 2024 11:22 Asia/Dushanbe
  • Нахустин пирӯзии баскетболи Эрон дар интихобии Ҷоми Осиё 2025

Тими миллии баскетболи Эрон дар нахустин бозии худ аз интихобии Ҷоми Осиё 2025 дар муқобили тими Қатар ба пирӯзӣ расид.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,тими миллии баскетболи Эрон дирӯз ҷумъа дар нахустин бози худ аз панҷараи аввали интихобии Ҷоми Осиё 2025-и Арабистон дар Теҳрон ба масофи Қатар рафт ва бо натиҷаи 76 ба 74 аз садди меҳмони худ гузашт.

  Дар ин дидор Беҳном Яхчолӣ беҳтарин бозикуни Эрон буд.

Тими миллии баскетболи Эрон дар дувумин бозии худ аз ин рақобатҳо рӯзи душанбе 26 феврал муқобили Ҳинд дар шаҳри Деҳлӣ ба майдон хоҳад рафт.