Феврал 24, 2024 12:14 Asia/Dushanbe
  • Ҳалокати саркардаи гурӯҳаки террористии Ҷайшулзулм тавассути неруҳои амниятӣ

Исмоили Шаҳбахш, саркардаи гурӯҳаки террористии Ҷайшулзулм дар солрӯзи дастгирии Регӣ тавассути неруҳои амниятии Эрон ба ҳалокат расид.

Дар ростои муҷозоти террористҳои ҷанубу шарқи Эрон,имрӯз амалиёти дастгирии Исмоили Шаҳбахш аз саркардагони гурӯҳаки террористии Ҷайшулзулм ва омили аслии амалиётҳои террористии ахир дар ҷанубу шарқи Эрон тавассути неруҳои амниятии бурунмарзии Инқилоби исломӣ дар хоки Покистон ба иҷро дар омад.

 Ба ривояти хабаргузории Меҳр , дар пайи иҷрои ин амалиёти печидаи иттилоотӣ ва муқовимати террористҳо, Исмоили Шаҳбахш ва ҳамроҳони вай дар даргирии мусаллаҳона тавассути неруҳои амниятии Инқилоби исломӣ ба ҳалокат расиданд.

 

Барчасп