Ҳалокати саркардаи гуруҳаки террористии Ҷайшулзулм дар ҳамлаи неруҳои амниятии Эрон
Саркардаи гуруҳаки террористии "Ҷайшулзулм" дар ҳамлаи неруҳои амниятии Эрон ба ҳалокат расид.
Ба гузориши шабакаи хабарии Алъолам, Исмоили Шаҳбахш аз саркардагони гуруҳаки террористӣ "Ҷайшулзулм" ва омили аслии амалиёти террористии ахир дар ҷануби шарқи Эрон ба ҳамроҳи теъдодӣ аз ҳамроҳонаш дар даргирии мусаллаҳона бо неруҳои амниятии Эрон ба ҳалокат расид.
Гуруҳаки террористии Ҷайшулзулм дар парвандаи нангини худ иқдоми зиди неруҳои ҳофизи амният ва мардуми бегуноҳи балучро дар корнома дорад ки ҷинояти террористии 2010 дар устони Систони Балучистон ҷануби шарқи Эрон аз он ҷумла аст.
Неруҳои амниятии Эрон ҳамчунин "Акрами Лоҳури" терруристи маъруфро дар устони Ҳурмузгон ҷануби Эрон ва як унсури гуруҳаки зиди инқилобро дар шаҳристони Сарпули Заҳоб, устони Кирмоншоҳ ғарби Эрон дастгир карданд.