Таъкиди Покистон бар такмили пружаи газӣ бо Эрон ва пайвастан ба БРИКС
(last modified Mon, 26 Feb 2024 14:05:13 GMT )
Феврал 26, 2024 19:05 Asia/Dushanbe
  • Равобити Теҳрон - Исломобод дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла иқтисодӣ рӯ ба рушд будааст
    Равобити Теҳрон - Исломобод дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла иқтисодӣ рӯ ба рушд будааст

Раиси Кумитаи равобити хориҷии Маҷлиси сенои Покистон, такмили тарҳи хати лӯлаи интиқоли газ аз Эрон ва пайвастани Покистон ба гуруҳи БРИКС -ро авлавиятҳои давлати ҷадиди ин кишвар эълом кард.

Сенатор Форуқ Ҳамид Нойик, раиси Кумитаи равобити хориҷии Маҷлиси сенои Покистон дар ҳошияи нишасти Кумитаи равобити хориҷӣ дар маҷлиси сенои ин кишвар таъкид кард, Покистон барои ҳалли буҳрони энержӣ ва дастёбӣ ба як роҳкори пойдору бодавом бояд пружаи муштараки газӣ бо Эронро такмил кунад.

Раиси Кумитаи равобити хориҷии Маҷлиси сенои Покистон дар вокуниш ба мувофиқати Кумитаи энержии кобинаи Покистон бо тарҳи эҳдоси хати лӯла аз бандари Гвадар то марзи Эрон афзуд, мардуми Покистон хоҳони амният дар заминаи энержӣ ҳастанд ва ин ҳадаф бо баҳрагирӣ аз пружаи интиқоли газ аз Эрон қобили дастёбӣ аст.

Сиёсатмадори покистонӣ бо ишора ба пайвастани кишварҳо ба гуруҳи БРИКС, аз ҷумла узвияти Эрон ва таъсиргузории он бар муодилоти минтақаӣ ва ҷаҳонӣ, таъкид кард, давлати Покистон баҳрабардорӣ аз хати лӯлаи интиқоли гази Эрон ва пайвастан ба БРИКС -ро дар авлавияти иқдомоти худ қарор диҳад.

Вазорати нафти Покистон рӯзи гузашта бо судури баёнияе такмили пружаи муштараки газӣ бо Эронро муҷиби тақвияти амнияти энержии он кишвар донисту эълом кард, ки Кумитаи энержӣ дар кабинаи давлати Покистон бо тарҳи эҳдоси хати лӯлаи 80 километрӣ аз бандари Гвадар то марзи муштараки Покистон бо Эрон мувофиқат кардааст.

Равобити Эрону Покистон умре ба дарозои таърихи истиқлоли Покистон дорад ва дар солҳои ахири равобити Теҳрон - Исломобод дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла иқтисодӣ рӯ ба рушд будааст.

Покистон бо беш аз 900 километр марзи хушкӣ, пас аз Ироқ дорои тӯлонитарин марзи муштарак бо Эрон аст.