Омодагии размии ҳавонирузи Эрон 7 дарсад болотар аз стандарти ҷаҳонӣ
Фармондеҳи ҳавонирузи артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон омодагии размии чархболҳои ин неруро ҳафт дарсад болотар аз стандарти ҷаҳонӣ унвон кард.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, Юсуфи Қурбонӣ рӯзи душанбе бо баёни инки дар кишварҳои пешрафтаи созандаи чархбол, стандарти омодагии размӣ 75 дарсад аст, аммо ин дарсад дар Эрон бо вуҷуди ҳама таҳримҳо 82 дарсад аст, гуфт:Чархболҳои ин неру бо вуҷуди таҳримҳо замингир нашуда ва ҳамакнун халабонҳои ҳавонерузи артиши Эрон барои анҷоми маъмурият омода ҳастанд.
Вай бо таъкид инки ҳавонирузи артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон қудратмандтарин новгон болгарди осиёро дар ихтиёр дорад, афзуд, бо талошҳои мутахассисони дохилӣ ва муҳандисони ҳавонируз пас аз Инқилоби исломӣ неруи инсонии арзишманде барои таъмирот ва нигаҳдорӣ аз чархболҳо созмондеҳӣ шуд.
Фармондеҳи ҳавонирузи артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон бо баён инки ҳар ончи имрӯз як чархболи пешрафта дар дунё ба он муҷаҳҳаз аст, чархболҳои ҳавонерузи артиши Эрон низ ба он муҷаҳҳаз ҳастанд, гуфт: Наҳзати қитъасозӣ пас аз Инқилоби исломӣ роҳандозӣ шуд ва то кунун 852 навъ қитъа ба мизони 800 ҳазортоӣ сохта шуда ва рӯйи чархболгҳо насб шудааст.