Феврал 27, 2024 11:46 Asia/Dushanbe
  • Пирӯзии муқтадиронаи тими миллии баскетболи Эрон муқобили Ҳинд

Тими миллии баскетболи Эрон дар дувумин бозии худ аз интихобии Ҷоми Осиё 2025 дар Арабистон, бо натиҷаи қотеъ 86 – 53 муқобили Ҳинд ба пирӯзӣ расид.

Мусобиқоти Ҷоми Осиё 2025 бо ҳузури 16 тим ва ба мизбонии шаҳри Ҷидда дар Арабистон баргузор мешавад.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА,тими миллии баскетболи Эрон дар бозии нахусти худ аз ин панҷара, бо натиҷаи наздик 76 - 74 Қатарро дар Теҳрон шикаст дода буд, то ба ин тартиб панҷараи аввали интихобии Ҷоми Осиё 2025-ро бо ду бурди пайдарпай ба поён бирасонад.

Ин тим дар панҷараи дувуми мусобиқот бояд муқобили Қазоқистон (ҷумъа 22 ноябр ба унвони мизбон) ва Қатар (душанбе 25 ноябр ба унвони меҳмон) қарор бигирад.

 

Барчасп