Лигаи бартари футболи Эрон+видео
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i112220-Лигаи_бартари_футболи_Эрон_видео
Дидори тимҳои “Истиқлол” ва “Сипоҳон” дар ҳассостарин бозии ҳафтаи 18-уми Лигаи бартари футбол бо бартарии як бар сифри “Истиқлол” –и пойтахт ба поён расид.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Феврал 28, 2024 12:56 Asia/Dushanbe

Дидори тимҳои “Истиқлол” ва “Сипоҳон” дар ҳассостарин бозии ҳафтаи 18-уми Лигаи бартари футбол бо бартарии як бар сифри “Истиқлол” –и пойтахт ба поён расид.

Ба гузориши гуруҳи варзишии хабаргузории Садо ва симо, дар ҳафтаи 18-уми рақобатҳои Лигаи бартари футболи Эрон рӯзи сешанбе (8 исфандмоҳ) тимҳои “Истиқлол”-и Теҳрон ва “Сипоҳон” дар Варзишгоҳи Озодӣ муқобили ҳам ба майдон рафтанд, ки ин мусобиқа бо натиҷаи як бар сифр ба суди “Истиқлол” ба поён расид.

Бо ин пирӯзӣ, “Истиқлол” 39 имтиёзӣ шуд ва дар садри ҷадвал боқӣ монд. “Сипоҳон” ҳам бо ин натиҷа 31 имтиёзӣ шуд, радаи сеюмро ҳифз кард.