Ҳалокати омили террористӣ дар устони Систону Балучистони Эрон
(last modified Wed, 28 Feb 2024 12:36:53 GMT )
Феврал 28, 2024 17:36 Asia/Dushanbe
  • Ҳалокати як омили террористӣ ҳини анҷоми амалиёти бомбагузорӣ дар Бампур
    Ҳалокати як омили террористӣ ҳини анҷоми амалиёти бомбагузорӣ дар Бампур

Додситони маркази устони Систону Балучистон, ҷануби шарқи Эрон аз ҳалокати омили террористӣ ҳини анҷоми амалиёти бомбагузорӣ дар ин устон хабар дод.

Ба гузориши ИРНА, Меҳдии Шамсободӣ, додситони маркази устони Систону Балучистон дар ҷануби шарқи Эрон имрӯз - чаҳоршанбе гуфт: Ду омили террористӣ, ки барои анҷоми амалиёти бомбагузории канори ҷодаи атрофи ҳавзаи истеҳфозии посгоҳи Муҳаммадони шаҳристони Бампур, дар устони Систону Балучистон бо ҳадафи инфиҷори мошини гашти ин посгоҳ вориди кишвар шуда буданд, дар ҳини анҷоми амалиёти бомбагузорӣ як нафар аз онҳо ба ҳалокат расиду нафари дувум низ фирор кард.

Шамсободӣ афзуд, дастуроти қазоӣ барои дастгирии омили дувум содир шудааст.