Феврал 29, 2024 10:01 Asia/Dushanbe
  • Омодагии ширкатҳои эронӣ барои иҷрои тарҳҳои бахши энергетикаи Тоҷикистон
    Омодагии ширкатҳои эронӣ барои иҷрои тарҳҳои бахши энергетикаи Тоҷикистон

Вазири неруи Эрон аз омодагии ширкатҳои эронӣ барои ҳузуру фаъолият дар тарҳҳои бахши энергетикаи Тоҷикистон хабар дод.

Ба гузориши ИРНА, Алиакбари Миҳробён вазири неруи Эрони рузи чаҳоршанбе дар нишаст пайгирии мафоди санади ҳамкориҳои муштараки Эрон ва Тоҷикистон ки ба сурати маҷози баргузор шуд бо эъломи омодагии ширкатҳои эронӣ барои ҳузур ва фаъолият дар тарҳҳои бахши энергетикаи Тоҷикистонро мавриди таъкид қарордоду гуфт: Хадамоти ширкатҳои эронӣ дар тамоми бахшҳо ба вижа дар бахши турбинҳои бузург ва бахшҳои текники қобил ироа аст ва метавон бо истифода аз тавони ширкатҳои фаъол дар ин тарҳ ва ҳузури дигари ширкатҳои тавонманди эронӣ ба такмили тарҳ суръати бештари бахшид.

Далер Ҷумъа вазири энергетика ва захоири обии Тоҷикистон низ дар ин нишаст маҷози аз ҳузури ширкатҳои эронӣ барои иҷрои тарҳҳо дар Тоҷикистон истиқбол кард.

Шонздаҳумин иҷлоси камисяи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ ва илмии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ва низ намоишгоҳи Эрон сохт барои табодули иттилоот, барқарории иртибототи тиҷории ҷадид, афзоиши тавонмандии касбукор ва ошноӣ бо охирин дастовардҳои ширкатҳои эронӣ дар даймоҳи имсол 1402 шамсӣ ба мизбонии Вазорати энергетика ва захоири обии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

 

Бештар бихонед :

Барчасп