Феврал 29, 2024 11:44 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Эрон ва Русия бар иҷрои сариътари хати рейлии Рашт-Астара
    Таъкиди Эрон ва Русия бар иҷрои сариътари хати рейлии Рашт-Астара

Меҳрдоди Базрпош вазири роҳу шаҳрсозии Эрон ва Игор Левитин дастёри вижаи раиси Ҷумҳурии Русия бар иҷрои сариътари хати рейлии Рашт-Астара таъкид карданд.

Ба гузориши ИРНА, Меҳрдоди Базрпош вазири роҳу шаҳрсозии Эрони рузи чаҳоршанбе дар Теҳрон бо Игор Левитин дастёри вижаи раиси Ҷумҳурии Русия ва ҳайати ҳамроҳ дидору гуфтугу кард.

Дар ин дидори мавзуъоти аз ҷумлаи рушди транзит ва иҷрои хати рейлии Рашт-Астара мавриди барраси ва таъкид қарор гирифт.

Дар ин нишаст муштарак ки бо ҳузури масъулони аршади 2 кишвар баргузор шуд, иҷроӣ ҳарчи сариътари фази иҷрои сохт 164 километри хати рейлии Рашт-Астара, афзоиши ҳаҷми транзит аз тариқи Эрон, такмили каридури шимол-ҷануб ва ҳазфи буюрократия барои тасриъ дар мавзуъоти ҳамлу нақули ду кишвар мавриди таъкид қарор гирифт ва тарафайн бар тақвияти мубодилоти ҳамлу нақули бо якдигар тавофуқ карданд.

Эрон ва Русия дар заминаҳои дуҷониба ба вижаи равобити иқтисодӣ, низомӣ ва амниятӣ ва ҳамчунин дар бораи масоили минтақаӣ ва байналмилалӣ ҳамонанди муқобила бо як ҷонибагароӣ Амрико, иштироки манофеи роҳбурди доранд ва ин аз авомили аслии ҳамкории наздики дутараф дар солҳои ахир буда аст.

Барчасп