Моҳвораи Порси 1 бо муваффақият партоб ва дар мадор қарор гирифт
Моҳвораи таҳқиқотӣ-санҷишии Порс 1 бо муваффақият дар мадори 500 километрии хуршеди оҳанг қарор гирифт.
Ба гузориши хабаргузории Садои ва Симо ба нақл аз равобити умумии пажуҳишгоҳи фазойии Эрон, имрузи панҷшанбе 10 Исфанди соли 1402 моҳвораи Порси 1 тавассути партобгари союз аз пойгоҳи партоби Восточнии Русия ба фазо партоб шуд ва бо муваффақият дар мадори хуршеди оҳанг бо иртифоъи 500 километр аз сатҳи замин қарор гирифт.
Бинобари ин гузориш моҳвораи Порс 1 моҳвораи таҳқиқотӣ ки мароҳили тарроҳӣ, сохт, таҷмиъ ва озмуни он дар пажуҳишгоҳи фазойии Эрон анҷом шудааст.
Ин моҳвора 134 килограмӣ аз намунаи моҳвораҳои таҳқиқотӣ-санҷишии пажуҳишгоҳи фазоӣ Эрон аст ва ба манзури тасвирбардории корбурдӣ, тавсеаи бозори додаҳои санҷишии дохилӣ ва тавсеа ва озмуни фанновариҳои мавриди ниёзи моҳвораҳои санҷишии амалиётии бумии тарроҳи ва тавлид шудааст.
Ин моҳвора дорои се дурбин тасвирбардори аст ва иттилооти манобеи заминиро дар се маҳдудаи тайфии маръӣ, фурусурхи мавҷи кутоҳ ва фурусурхи гармоӣ дарёфт мекунад.
Дурбини тайфи рангӣ ва фурусурхи мавҷи кутоҳи ин моҳвора дар камтар аз 100 руз 95 дарсади сарзаминҳои Эронро тасвирбардори мекунад.
Ҳамчунин дурбин бо тайфи фурусурхи гармоӣ бо қобилияти тасвирбардории дар шаб қодираст ҳамаи сарзамини Эронро дар камтар аз 45 руз тасвирбардори намояд.
Аз дигари маъмуриятҳои ин моҳвора метавон ба озмуни меканизми сафҳаҳои хуршедии бозшаванда, озмуни ислоҳи мадор бо пешронаши гази хунук, озмуни амалкарди таъйини мавқеъияти моҳвораи мустақил аз GPS мубтанӣ бар равиши мавқеъиятёбии бумӣ, озмуни амалкарди маҷмӯъаи тавлид, табдил ва тавзеъи тавон дар мадор бо сафаҳоти хуршедии бозшаванда ва бурдҳои бумӣ, озмуни ирсол додаи тасовир бо нархи боло дар бонди ферекансии X, санҷиши мизони ташаъшуъоти фазоӣ дар мадор бо истифода аз маҳмулаи андозагирии мизони ташаъшуъоти фазоӣ дизиметри ишора кард.
Фанновариҳои мавриди истифода дар моҳвораи Порси 1 шомили линки иртиботи мухобироти дар бонди ферекансии V/UHF, линки иртиботи мухобиротии тайфигустарда дар бонди ферекансии S, линки иртиботи мухобиротӣ дар бонди ферекансии X, ҳисгари таъйини мавқеъияти GPS, ODS, хуршед, ситора, миғнотиссанҷ, жоирускуп, сенсурҳои санҷиши мизони ташаъшуъоти фазо, лулаи ҳароратӣ, таҷҳизоти сахтафзорӣ ва сохторҳои нармафзории мудирияти ҳолатҳои мухталифи афзунагӣ ва панелҳои хуршедӣ аст.
Ин фанновариҳо мабнои фанновариҳои мавриди ниёзи моҳвораҳои амалиётии оянда кишвар хоҳад буд.