Феврал 29, 2024 18:59 Asia/Dushanbe
  • Пагоҳ; рӯзи сарнавишти миллати Эрон

Интихоботи дувоздаҳумин давраи Маҷлиси шӯрои исломӣ ва шашумин давраи Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ пагоҳ ҷумъа 1 март( ёздаҳум исфанд) дар саросари Эрон баргузор мешавад.

 Номзадҳои ин интихобот барои дастёбӣ ба 290 курсии қувваи қонунгузор ва 88 курсии Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ бо якдигар рақобат мекунанд.

 Ситоди интихоботи кишвари Эрон бо интишори иттилоияи шумораи 18 эълом кард: раванди раъйгирӣ дар тамоми шӯъбаҳои саросари кишвар соати 8 субҳи рӯзи ҷумъа оғоз мешавад.

 Вазорати кишвар(дохила)и Ҷумҳурии Исломии Эрон теъдоди дорандагони шароити раъйдиҳиро 61 миллиону 172 ҳазору 298 нафар эълом кардааст.

Ҷиноҳҳои сиёсии Эрон дар остонаи баргузории дувоздаҳумин давраи интихоботи Маҷлиси шӯрои исломӣ бо ташаккулҳои мухталиф по ба майдон гузоштаанд ва руйхатҳои интихоботӣ нишон медиҳад, ки ин интихобот низ ҳамонандӣ гузашта дар фазои рақобатӣ ва бо ҳузури ҷиноҳҳои сиёсии мухталиф баргузор мешавад.

 

 

 

Барчасп