Март 01, 2024 16:12 Asia/Dushanbe
  • Медали тиллои шерҷарави эронӣ дар Филиппин

Намояндаи Эрон дар мусобиқоти шино ва шерҷа (ҷаҳидан ба об ва шино)-и қаҳрамонии радаҳои синнии Осиё, муваффақ ба касби нишони тилло шуд.

Ба гузориши ИРНА, дар чаҳорумин рӯз аз мусобиқоти шерҷаи рақобатҳои Қаҳрамонии ҷавонони Осиё, намояндагони шерҷаи Эрон дар модаҳои тахтаи якметри инфиродӣ ва 3 метри инфиродӣ бо ҳарифони осиёӣ рақобат карданд.

Сом Вожир, миллипӯши Эрон дар радаи синнии 14 - 15 сол муваффақ шуд бо 339 имтиёз, бар саккӯи нахусти ин навъи шино қарор гирад ва панҷумин нишони корвони шерҷаи Эронро ба армуғон оварад.

Пас аз Вожир, Каюмарси Аслонӣ, дигар намояндаи Эрон дар радаи синнии 14 - 15 бо 309 имтиёз чаҳорум шуд.

Варзишкорони эронӣ дар рӯзи дувуми мусобиқоти шинои қаҳрамонии Осиё низ дар радаҳои синнии мухталиф, як медали тилло дар 50 метри озод, як медали нуқра дар 200 метри парвона ва як медали биринҷӣ дар 100 метри парвона ба даст оварданд.

Ёздаҳумин давраи мусобиқоти Қаҳрамонии ҷавонони Осиё 26 феврал то 9 марти соли 2024 дар шаҳри Кларки Филиппин баргузор мешавад, ки рақобатҳои шерҷаи ин давра аз мусобиқот 26 феврал то 2 марти 2024 пайгирӣ хоҳад шуд.

 

Барчасп