Март 01, 2024 18:22 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Эрон ба ҷинояти ҷадиди саҳюнистҳо дар навори Ғазза

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт, захми Ғазза аз ҳофизаи инсонҳои озода ва нанги ҳимояту сукут нисбат ба куштори дастаҷамъӣ ва наслкушӣ аз пешонии муддаиёни дурӯғини ҳуқуқи башар пок нахоҳад шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Эрон Пресс”, Носири Канъонии Чофӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон, дар шабакаи иҷтимоии “X” навишт: Беш аз 100 шаҳрванди фаластинӣ, ки дар сафи интизори дарёфти кумакҳои башардӯстона дар хиёбони Аррашиди шаҳри Ғазза буданд, бар асари ҳамлаи ваҳшиёнаи режими саҳюнистӣ ба шаҳодат расиданд ва беш аз 800 нафар захмӣ шуданд.

Низомиёни артиши режими наслкуши Исроил дар ҷинояти ҷадиди худ, рӯзи панҷшанбе ба шаҳрвандони фаластинӣ, ки дар майдони Анноблуси ва дар хиёбони Аррашиди шаҳри Ғазза дар интизори расидани кумакҳои инсонӣ буданд, ҳамла карданд.

Дар ин ҳамла беш аз 104 нафар аз фаластиниёне ки мунтазири вуруди кумакҳо ба ин минтақа буданд, шаҳид ва 760 нафар ҳам маҷрӯҳ шуданд.

Бо гузашти ҳудуди панҷ моҳ аз оғози ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба борикаи Ғазза, дар ҳоле ки талошҳо барои ҳалли ин буҳрон идома дорад, низомиёни ишғолгар ҳамчунон ба ҷиноёти худ идома медиҳанд ва дар канори оташи гулӯла, бо муҳосираву ҷилавгирӣ аз вуруди кумакҳои ҳаётиву башардӯстона ба мардуми Ғазза, авзоъро фоҷеабортар кардаанд.

 

Барчасп