Март 02, 2024 10:52 Asia/Dushanbe
  • Пӯшиши хабарии интихоботи Эрон бо беш аз 350 хабарнигори хориҷӣ

Беш аз 350 хабарнигор ва авомили хабарӣ аз 160 расона ва 20 кишвари ҷаҳон, дувоздаҳумин интихоботи Маҷлиси шӯрои исломии Эрон ва шашумин давраи интихоботи хубрагони раҳбариро аз Эрон гузориш мекунанд ва пӯшиш медиҳанд.

Интихобот рӯзи ҷумъа бо ҳузури пуршӯри мардуми Эрони исломӣ баргузор шуд.

 Ба гузориши хабаргузории ИРНА ва бинобар эъломи Вазорати кишвари Эрон дар ин давра аз интихобот 61 миллиону 172 ҳазору 298 нафар дорои шароити овоздиҳӣ ҳастанд; ҳудуди 59 ҳазор шӯъбаи овоздиҳӣ дар 31 устон барқарор  шуда, ки 15 ҳазор шӯъбаи сайёр ва 44 ҳазор шӯъбаи собит ҳастанд.

Ин давра аз интихобот барои интихоби 290 намояндаи Маҷлиси шӯрои исломии Эрон ва 88 узви Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ баргузор шуд.

 

Барчасп