Март 02, 2024 11:36 Asia/Dushanbe
  • Эрон, чаҳордаҳумин қудрати низомии ҷаҳон

« Global Firepower» , ки як веб-сайти тахассусии низомӣ барои радабандии қудрати низомии 145 кишвар бар асоси беш аз 60 нишондод аст, Эронро дар рутбаи чаҳордаҳум қарор дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ин рутбабандӣ бар асоси нишондоди “қудрати оташбори ҷаҳонӣ” сурат мегирад, ки худ бо дар назар гирифтани беш аз 60 омили  низомӣ, ҷойгоҳи иқтисодӣ, тавонмандиҳои пуштибонӣ ва авомили ҷуғрофиёӣ муҳосиба шудааст.

 Дар ин радабандӣ кишварҳои Амрико, Русия, Чин, Ҳинд, Кореяи ҷанубӣ, Бритониё, Ҷопон, Туркия, Покистон ва Италия ба тартиб дар рутбаҳои 1 то 10 ҷой гирифтаанд.

 Шохиси қудрати низомии Ҷумҳурии Исломии Эрон 0/2269 муҳосиба шудааст.

 Ба даст овардани имтиёзи сифр дар ин шохис, олитарин амалкарди низомӣ ба шумор меравад.

 Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳавзаи дифоъӣ ва низомӣ пешрафтҳои намоёне дошта аст; ба тавре ки имрӯз Эрон, панҷумин кишвари тавлидкунандаи паҳподи радаргурез ва даҳумин кишвари тавлидкунандаи киштиҳои зеробӣ дар ҷаҳон аст.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Барчасп