Март 02, 2024 11:45 Asia/Dushanbe
  • Раиси ФИФА: Футболи Эрон дар ҳоли шукуфоӣ аст

Раиси Федератсияи ҷаҳонии футбол (ФИФА) футболи Эронро дар ҳоли пешрафт ва шукуфоӣ арзёбӣ кард.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҷанни Инфантино,раиси ФИФА ба муносибати солрӯзи сафараш ба Эрон, дар сафҳаи шахсии худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт: «Дар соли 2018 ба кишвари зебои Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар кардам, то дар бораи тавсеаи футбол ба вежа ҳавзаи бонувон гуфтугӯ кунам ва аз он замон то кунун пешрафти қобили таваҷҷуҳе дар ин риштаи варзишӣ шудааст.»

Инфантино афзуд, дар мусобиқоти ахир шоҳиди касби мақоми севуми Эрон дар Ҷоми ҷаҳонии футболи соҳилӣ-2024 дар Аморот будем.

 Раиси ФИФА бо ишора ба ҳузури бонувони эронӣ дар арсаҳои мухталифи варзишӣ ва ба хусус футбол, тасреҳ кард: Футбол дар кишвари Эрон дар ҳоли шукуфо шудан аст; ФИФА аз ибтикороти мухталиф барои тавсеа ҳимоят мекунад.

 

 

Барчасп