Бозтоби интихоботи якуми марти Эрон дар расонаҳои хориҷӣ
Расонаҳои мухталифи хориҷӣ дар бахшҳои мухталифи хабарӣ ва вебсайтҳои худ ба пӯшиши зиндаи баргузории интихоботи Маҷлиси Шӯрои Исломӣ ва Хубрагони Раҳбарӣ дар Эрон пардохтанд.
Ба гузориши хабаргузории Парстудей, расонаҳои мухталифи хориҷӣ дар бахшҳои мухталифи хабарӣ ва вебсайтҳои худ ба пӯшиши зиндаи баргузории интихоботи Маҷлиси Шӯрои Исломӣ ва Хубрагони Раҳбарӣ дар Эрон пардохтанд.
Хабаргузории “Deutsche Welle”-и Олмон дар гузорише аз ҳамон дақоиқи бозгушоии шуъабаҳои раъйгирӣ, интихобот дар Эронро пӯшиш дод.
Хабаргузории “Xinhua”-и Чин низ дар гузорише муфассал зимни пӯшиши лаҳза ба лаҳзаи интихобот, раванду созу кори он дар Эронро ташреҳ кард.
Шабакаҳои Ал Маёдин ва Ал Манори Лубнон низ бо пӯшиши зиндаи ахбори интихоботи давоздаҳумин давраи Маҷлиси Шӯрои Исломӣ ва шашумин давраи Маҷлиси Хубрагони Раҳбарӣ, баёноти Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ ҳангом андохтани раъйи худ дар сандӯқи интихоботро мунъакис карданд.
Шабакаи “Алҷазира”-и Қатар низ ҳузури пуршӯри мардуми Эрон дар пои сандӯқҳои раъйро ба сӯрати зинда пӯшиш дод.
Русия Ал Явм, “Анатоли”-и Туркия, Райтерс, СНН, Евронюз, шабакаи телевизионии « ABC News»-и Амрико, вебсайти саҳюнистии «Таймс Исроил» низ интихобот дар Эронро пӯшиш доданд.