Март 02, 2024 16:20 Asia/Dushanbe
  • «Неи бузург»-и миллати Эрон ба ҷабҳаи зиддибашарии истикбор

Раисиҷумҳур дар паёме қадрдонӣ аз ҳузури огоҳонаи мардум дар интихобот, навишт: Ҳузури пур аз имону умеди шумо мардуми фаҳиму мавқеъшинос, «неи бузург» ба ҷабҳаи зиддибашарии истикбору панба кардани риштаи миллиардҳо доллар ҳазина карди онон, барои тарроҳӣ ва иҷрои ин сенарияи музаввирона буд.

Ба гузориши хабарнигори хабаргузории Садо ва симо, Саидиброҳими Раисӣ дар паёме бо қадрдонӣ аз ҳузури огоҳона ва замоншиносонаи миллати басиру шарифи Эрон дар интихоботи давоздаҳумин давраи Маҷлиси Шӯрои Исломӣ ва шашумин давраи Маҷлиси Хубрагони Раҳбарӣ, навишт: Аз Худои бузург мехоҳам, ки тавфиқ диҳад, ҳамаи ходимони мардум, бавижа мунтахабони Хонаи Миллат, битавонанд гомҳои муассире дар ҷиҳати ҳалли масоилу мушкилоти кишвар бардоранду посухгӯи ин ҳамаи лутфу муҳаббати мардуми азизи Эрони исломӣ бошанд.

 

Барчасп