Қадрдонии раиси маҷлис аз мардум барои мушорикати густарда дар интихобот
Раиси маҷлис бо судӯри паёме аз мушорикати густардаи мардуми азиз дар интихобот қадрдонӣ кард.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, дар паёми оқои Қолибоф омадааст: Вазифаи худам медонам, ки аз мардуми азизу масъулиятпазири Эрони исломӣ, хозеъона ташаккур кунам, ки бо мушорикати густардаи худ дар интихобот, боиси ҳифзи қудрати боздорандагии кишвари азизмони Эрон дар баробари фишорҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва чӣ басо низомии душманон шуданд.
Арзиши ин ҳузур, он ҳангом равшан мешавад, ки таваҷҷуҳ кунем ин мушорикат дар айни фишорҳои иқтисодӣ ва анвоъи шеваҳои ҷанги шинохтии душман барои коҳиши мушорикат будааст. Мардуми азизи мо бо ҳамияту исори мисолзаданӣ ва бар асоси боваре, ки ба асли низоми исломӣ доранд, вориди арсаи интихобот шуданду паёме бузург ба дохилу хориҷ содир карданд, ки ҳомии ин инқилоби илоҳӣ ҳастанд.
Вазифаи мо масъулон дар баробари ин вазифашиносӣ, масъулиятпазирии бештар барои ҳалли мушкилоти мардум аст.