Паёми таслияти раҳбари инқилоб дар пай даргузашти оятуллоҳ Имоми Кошонӣ
(last modified Sun, 03 Mar 2024 07:33:09 GMT )
Март 03, 2024 12:33 Asia/Dushanbe
  • Паёми таслияти раҳбари инқилоб дар пай даргузашти оятуллоҳ Имоми Кошонӣ
    Паёми таслияти раҳбари инқилоб дар пай даргузашти оятуллоҳ Имоми Кошонӣ

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар паёми даргузашти олими бузургвор марҳум оятуллоҳ оқои ҳоҷи шайх Муҳаммади Имомии Кошонӣ раҳматуллоҳалайҳро таслият гуфтанд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо ба нақл аз пойгоҳи итилоърасонии дафтари мақоми муаззами раҳбарӣ, матни паёми ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ ба ин шарҳ аст:

Бисмилоҳир Раҳмонир Раҳим

Даргузашти олими бузургвор марҳум оятуллоҳ оқои ҳоҷи шайх Муҳаммади Имомии Кошонӣ раҳматуллоҳалайҳро ба хонадони муҳтарам ва бозмондагон ва шогирдон ва ародтмндони ишон таслият арз мекунам.

Ин олими муттақи ва хадум дар тули солҳои мутамодӣ, чи пеш аз пирузии инқилоб дар маҷмуъаи руҳонияти мубориз ва чи пас аз он дар ҷойгоҳҳои ҳассос монанди шурои нигаҳбон, маҷлиси хубрагон, имомати ҷумъаи Теҳрон, созмони таблиғоти исломӣ, мадрасаи шаҳид Мутаҳҳари маншаи хизмат ба кишвар ва низоми Ҷумҳурии Исломӣ будаанд ва умедаст ин ҳама дар номаӣ ҳасаноти ишон мақбули даргоҳ Илоҳӣ бошад. Худованд раҳмату мағфирати худро шомили ҳоли он марҳум фармояд.

Сайид Алии Хоманаӣ

13/12/1402