Март 03, 2024 14:21 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Раисӣ бар иҷрои тавофуқномаҳои имзо шуда бо Қатар
    Таъкиди Раисӣ бар иҷрои тавофуқномаҳои имзо шуда бо Қатар

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар дидри амири Қатар бар иҷрои тавофуқномаҳои имзо шуда бо ин кишвар таъкид кард.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, Сайид Иброҳими Раисӣ раиси Ҷумҳурии Исломии Эрони рузи шанбе дар ҳошия ҳафтумин нишаст маҷмаъи сарони кишварҳои содиркунандаи газ ки ба мизбонии Алҷазоир баргузор шуд дар дидори шайх Тамим бин Ҳамад бин Халифаи оли Сонӣ амири Қатар бо хуби тавсиф кардани сатҳи равобит, бар иҷрои сариътар тавофуқоти ду кишвар таъкид ва онро лозимаи рушди беш аз пеши равобити Теҳрон Давҳа донист.

Раисӣ ҳамчунин дар идома бо тавваҷуҳ ба ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар Ғазза зимни интиқод аз инфеъол ва бе амалии бархе кишварҳои исломӣ дар қиболи ҷиноятгарии саҳюнистҳо гуфт: Аз замон баргузарии нишаст изтирории созмони ҳамкории исломӣ дар Риёз то кунун ҳеҷ иқдоми амалии муассири барои таваққуфи ҷиноёти саҳюнистҳо дар Ғазза сурат нагирифтааст ва ҳамчунон равобити иқтисодии бархе давлатҳои минтақа бо режими саҳюнистӣ идома дорад.

Амири Қатар низ дар ин дидор бо баёни ин ки равобити ду кишвар дар беҳтарини шароити таърихии худ қарор дорад ин сатҳи равобитро сабаби ифтихори давлати Қатар донист.

Шайх Тамим бин Ҳамад бин халифаи оли Сонӣ ҳамчунин дар бахши даигари аз суханони худ дар дидор бо Раисӣ зимни баён ва ташреҳи охирин таҳаввулоти минтақа изҳор дошт: Қатлиоми мардум бегуноҳи Ғазза дар сафи дарёфти кумакҳои башардустона ҳеҷ гоҳ аз ҳофизаи тарихии мардуми ҷаҳон фаромуш нахоҳад шуд.

Барчасп