Март 04, 2024 09:50 Asia/Dushanbe
  • Раиси Ҷумҳурии Эрон : Сиёсати минтақаӣ Алҷазоир барои иртиқои сулҳ ва амният аст
    Раиси Ҷумҳурии Эрон : Сиёсати минтақаӣ Алҷазоир барои иртиқои сулҳ ва амният аст

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон , кишвари Алҷазоирро пешрав дар мубориза ва муқобила бо султаталабӣ ва истеъморгарӣ донист ва гуфт , сиёсати минтақаӣ Алҷазира дар ростои иртиқои сулҳу амнияти минтақа аст .

«Сайид Иброҳими Раисӣ » раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ростои тақвияти ҳамкориҳо бо Созмонҳо ва  ттиҳодияҳои минтақаӣ  ва  байналмилалӣ ва  ширкат дар ҳафтумин Иҷлоси сарони маҷмаъи кишварҳои содиркунандаи газ , бомдоди шанбе дар садри ҳайати иқтисодӣ ва  сиёсӣ ва ба даъвати расмии раиси Ҷумҳурии Алҷазоир , озими Алҷазира пойтахти ин кишвар шуд .

Ба гузориши Ирно , « Сайид Иброҳими Раисӣ » раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи якшанбе дар нишасти ҳайатҳои Олии рутбаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва  Алҷазоир , бо табрик ба давлати ин кишвар барои баргузарии муваффақи ҳафтумин Иҷлоси сарони маҷмаъи кишварҳои содиркунандаи газ , ба равобити хуби сиёсӣ ва  иштирокоти фарҳангӣ ва  динии Эрон ва  Алҷазоир ишора карду афзӯд , Теҳрон аз иртиқоӣ беш аз пеши равобити иқтисодӣ ва  тиҷорӣ бо Алҷазира истиқбол мекунад .

Мақомоти Ҷумҳурии Исломии Эрон ва  Алҷазоир дар ҳузури раисони Ҷумҳурии 2 кишвар 6 санади ҳамкории муштарак дар заминаҳои нафту газ , илмӣ , фанноварӣ ва  иқтисодии донишбунён , варзишӣ , гардишгарӣ ва  ҳамкориҳои расонаӣ ба имзоъ расонданд .

 

Барчасп