Март 04, 2024 11:15 Asia/Dushanbe
  • Эрон як террористи омили Мосади Исроилро эъдом кард
    Эрон як террористи омили Мосади Исроилро эъдом кард

Террористи омили Мосад ( Созмони ҷосӯсии режими саҳюнистӣ ) ки қасд дошт муҷтамаъи коргоҳии Вазорати дифо дар Исфаҳон , маркази Эрон-ро мунфаҷир кунад , эъдом шуд.

28 январи 2023 Вазорати дифо ва  пуштибонии неруҳои мусаллаҳи Эрон бо интишори иттилоъияе эълом кард ки ҳамлаи номуваффақ бо истифода аз резпаранда ба яке аз муҷтамаъҳои коргоҳии Вазорати дифои Эрон сӯрат гирифт ва бо пешбиниҳо ва  тамҳидоти падофандии сӯратгирифта яке аз онҳо мавриди исобати падофанди ҳавои муҷтамаъ ва ду фарванди дигари онҳо дар талаҳои падофанди гирифтор ва мунфаҷир шуданд .

Ба гузориши шабакаи Саҳоб , Ҳуҷҷатулислом « Асадуллоҳи Ҷаъфарӣ » раиси кули додгустарии устони Исфаҳон гуфт , баъд аз ҳамлаи номуваффақи ҳамла ба муҷтамаъи коргоҳи Вазорати дифо дар Исфаҳон , омили Мосад бо ҳувияти ҷаълӣ аз Эрон хориҷ мешавад аммо 13 рӯзи баъд бо ҳамоҳангии қазоӣв а  талоши нерӯҳои амниятии Эрон дар яке аз кишварҳои ҳамсоя дастгир мешавад.