Март 04, 2024 17:40 Asia/Dushanbe
  • Эрон дар миёни бартарин тавлидкунандагони саноати фулоди ҷаҳон

Эрон бо рушди 40 дарсадии тавлиди фулод дар муқоиса бо муддати мушобеҳи соли гузашта, дар миёни бартарин тавлидкунандагони саноати фулодии ҷаҳон қарор гирифт.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, Анҷумани ҷаҳонии фулод дар нахустин моҳ аз соли ҷадиди милодӣ, тавлиди фӯлоди Эронро, 2 миллиону 600 ҳазор тонн эълом кард, ки дар муқоиса бо муддати мушобеҳи соли гузашта (2023), ҳудӯди 40 дарсад рушдро нишон медиҳад ва ин бештарин рушди тавлид дар байни 10 кишвари бартар дар тавлиди фӯлоди ҷаҳон аст.

Ба гуфтаи Баҳодури Эҳромиён, узви ҳайати мудираи Анҷумани тавлидкунандагони фӯлоди Эрон, бо интишори феҳристи 10 кишвари бартари тавлидкунандаи фӯлоди хом дар нахустин моҳи соли 2024, Эрон ҷойгоҳи нуҳумро ба худ ихтисос додааст.

Аҳмади Аҳмадӣ, мудири барномарезӣ ва пажӯҳиши Ширкати миллии фӯлоди Эрон ҳам гуфт, бар асоси омори Анҷумани ҷаҳонии фӯлод, 71 кишвари ҷаҳон дар нахустин моҳи милодии имсол, 148 миллиону садҳазор тонн фӯлоди хом тавлид карданд, ки дар муқоиса бо муддати мушобеҳи соли қабл коҳиши яку 6 даҳуми дарсадиро нишон медиҳад.

Кишварҳои Чин, Ҳинд, Ҷопон, Амрико ва Русия ҳамчунон дар зумраи бузургтарин тавлидкунандаи фӯлоди ҷаҳон ҳастанду Эрон низ баъд аз Кореяи Ҷанубӣ, Олмон, Туркия ва Бразилия дар рутбаи даҳуми бузургтарин фулодсози ҷаҳон қарор гирифтааст.

 

Барчасп