Эрон як террористи омили Моссади Исроилро эъдом кард
Террористи омили Моссад (Созмони ҷосӯсии режими саҳюнистӣ), ки қасд дошт муҷтамаи коргоҳии Вазорати дифо дар Исфаҳон, маркази Эронро мунфаҷир кунад, эъдом шуд.
28 январи 2023 Вазорати дифо ва пуштибонии неруҳои мусаллаҳи Эрон бо интишори иттилоъияе эълом кард, ки ҳамлаи номуваффақ бо истифода аз резпаранда ба яке аз муҷтамаҳои коргоҳии Вазорати дифои Эрон сӯрат гирифт ва бо пешбиниҳо ва тамҳидоти падофандии сӯрат гирифта, яке аз онҳо мавриди исобати падофанди ҳавоии муҷтамаъ ва ду фарванди дигари онҳо дар талаҳои падофандӣ, гирифтор ва мунфаҷир шуданд.
Ҳуҷҷатулислом Асдуллоҳи Ҷаъфарӣ, раиси кулли додгустарии устони Исфаҳон гуфт, баъд аз ҳамлаи номуваффақи ҳамла ба муҷтамаи коргоҳии вазорати дифо дар Исфаҳон, омили Моссад бо ҳувияти ҷаълӣ аз Эрон хориҷ мешавад, аммо 13 рӯзи баъд бо ҳамоҳангии қазоӣ ва талоши неруҳои амниятии Эрон дар яке аз кишварҳои ҳамсоя дастгир мешавад.